Солики умеди наҷот аз дил равшан дорад

Мурғи зираки назар аз хона ба равзан дорад

Ҳарки бо сидқи азимат сафарӣ гардӣда аст

Хатар аз роҳнамо беш з раҳзан дорад

Май баради роҳ ба сарриштаи мақсӯд касе

Ки дилии тангтар аз дида сӯзан дорад

Суҳбати сӯхтагон май барад аз дилҳо занг

Назари ойӣнаи зи гулзор ба гулхан дорад

Набӯд гавҳари шаби тоб ба равғани муҳтоҷ

Ба май ноб чаҳ ҳоҷати дил равшан дорад ?

Ҳаст сад перҳан аз санги дилаши муҳкам тар

Он ки саргаштаи марои ҳамчу фалохан дорад

Аз ғами ҷисм буд ҷони муҷарради фориғ

Тоири қудс чаҳ ҳоҷат ба нишеман дорад ?

Ҳаст бар силсилаи зулфи равони ҳукми насим

Новаки оҳ чаҳ андешаи з ҷавшан дорад ?

Даст май боядаш аввали зи сари худ шустан

Ҳар ки чун ғунчаи сару барг шукуфтан дорад

Хурдсолӣ ки манам волау девона ӯ

Дили сангини ивази санг ба доман дорад

Нигаҳи гарми ту бо ғайр надорад корӣ

Ҳар чаҳ дорад ба ман сӯхта хирман дорад

Фурсат ҳарф нахоҳӣ ба лаби худ додан

Гар бадоне ки чаҳ миқдор макидан дорад

Ҷавр бар ошиқи бедили з мурувват давраст

Мурғи бсмл чаҳ пару бол шикастан дорад ?

Суханӣ каз сар дардаст кунад дилро гарм

Нолаи соиби дили хаста шунидан дорад