Лаби лаъли ту агар ҷом шаробӣ дорад

Дили мо низ намаки хӯрда кабобӣ дорад

эй басои хӯн ки кунад дар дили соҳиби назарон

Чеҳрае каз арақи шарм ниқобӣ дорад

Рӯй хуб аз нигаҳ гарм намонад солим

Ризқ оташ шавад он гул ки гулобӣ дорад

Қурби симини баданони оташ бе зинҳораст

Шабнам аз суҳбати гули чашм пуробӣ дорад

Аз намакдони ту ҳарчанд асар пайдо нест

Хуш намак гардад азу ҳар ки кабобӣ дорад

Ваъдаи гоҳаши чамани синаи маҷрӯҳ ман аст

Ҳар ки аз хӯни ҷигари ҷом шаробӣ дорад

намекашад чун ҷигари субҳ , нафасро ба ҳисоб

Ҳар ки дар мади назари рӯз ҳисобӣ дорад

Хизрро май барад аз роҳ ба афсуни берун

Водии хушки ҷаҳони турфа саробӣ дорад

Кард муштоқи адами сахтии даврони ҷон ро

Сайл дар домани кҳсор шитобӣ дорад

Неъмат рӯй замини қисмат бешармон аст

Ҷигар хеш хӯрд ҳар ки ҳиҷобӣ дорад

Номаи мост ки ҷангаст ҷавобаши соиб

Вар на ҳар нома ки дидем ҷавобӣ дорад