Гӯшагирӣ ки лаби нон ҳалолӣ дорад

Сӣ шаб аз гардиши айём ҳилолӣ дорад

Нест ҷӯёии назар чун маи нави моҳи тамом

Худнамое накунад ҳар ки камолӣ дорад

Об бар ҳасани глўсўз фишондан ситам аст

Вар на лаби ташнаи мо об зулолӣ дорад

Чашм ҳайрон кунад аз қатраи шабнами эҷод

Ҳар ки чун лолау гули чеҳра олӣ дорад

Садафи баста даҳон нест зи гавҳари холӣ

Нашӯй ғофил азон дил ки малолӣ дорад

Фикри он мӯии миёни баради зи ман сабру қарор

Хоб талхаст бар он кас ки хаёлӣ дорад

Боли тоўс ба сад чашм нигаҳбон худаст

Нест эмини зи хатар ҳар ки ҷамолӣ дорад

Ҳар ки чун нофаи сари худ ба гиребон барда аст

наметавон ёфт ки Ром карда Ғаззолӣ дорад

Хол аз андешаи хати рӯзи хуш аз умр надид

Вой бар ахтари саъдӣ ки ваболӣ дорад

Натавон нусха азон чашми зи шухии бардошт

Вар на маҷнӯн ба назари чашм Ғаззолӣ дорад

Қисмат дида шӯраст азуи гиряи талх

Ҳар ки ҳар рӯз чу хуршед заволӣ дорад

Парда субҳ умедаст шаби навмидӣ

Дили сўдоздаҳи умед висолӣ дорад

Аз адаб нест шудани дасту гиребон бо шамъ

Вар на парвонаи мо ҳам пар ва болӣ дорад

Гарчи аз базми ту дили ҳалқаи берун дар аст

Бо хаёли ту аҷаби суҳбат ҳоле дорад

Ҳар ки дар доираи сода дилон нест чу моҳ

Дил набандад ба камолӣ ки заволӣ дорад

Дил хӯн гаштааш аз об буд ларзонтар

Ҳар ки сар дар қадами тоза ниҳолӣ дорад

Чаҳ зарураст чу хуршед ба дарҳо гардад

Ҳар ки дар пардаи шаби роҳ саволӣ дорад

Дил зоҳид нашавад соф ба сӯфии соиб

Зишт аз дидани ойӣна малолӣ дорад