Зарраам чашм ба хуршед лақое дорад
Устихонами сари пайванд ҳумое дорад
Манзили мост ки чун рег равон нопидост
Вар на ҳар қофилае роҳ ба ҷое дорад
Дарди дармони талабиҳост ки бедармон аст
Вар на ҳар дард ки дидем давое дорад
Баҳр агар бар садафи гавҳар худ ме нозад
Домани бодияи ҳам обила пое дорад
Кашиши дил ба харобот маро роҳнамост
Хонаи каъба агар қибла намое дорад
Тӯҳмати домани олӯдау маҷнӯн , ҳайҳот
Ин суханро ба касе гӯ ки қабое дорад
Дар сафи аҳли риё аз ҳамаи кас дар пеш аст
Чун илм ҳар ки Асое ва радое дорад
Мижа бар ҳам назд оинаи зи андешаи чашм
Хоб роҳат накунад ҳар ки сафойӣ дорад
Булҳаваси шӯ ки зи дасташ ба замин нагузоранд
Ҳар ки чун ҷоми лаби бӯса рибоӣ дорад
Тарафи фохтаро сарв ба булбули надиҳад
Ҳар навои гӯшӣ ва ҳар гӯш навое дорад
Ин ки аз лағзиши мастона наме андешад
наметавон ёфт ки дили такя ба ҷое дорад
Соиби ин он ғазали ҳофизи ширин сухан аст
Мутриби ишқи аҷаби соз ва навое дорад