Поси андӯҳи дили танг нигаҳ ме дорад
Шишаи мо тарафи санг нигаҳ ме дорад
Дар замони дили девонаи ман ҳар тифлӣ
Чун фалохан ба бағали санг нигаҳ ме дорад
Булбул аз сайр мақомот надорад хабарӣ
Ишқ кӣ пардаи оҳанг нигаҳ медорад ?
Чун гул аз ханда парешон шавад авроқи ҳавос
Ғунчаро ҷамъи дили танг нигаҳ ме дорад
Санг кам нест касеро ки ба мизони назар
Чун гуҳари иззат ҳар санг нигаҳ ме дорад
Ғараз инаст ки ғайриӣ накунад дар дили ҷой
Он ки моро ба дили танг нигаҳ ме дорад
Шишаро аз хатари санги ҳаводиси соиб
Бештари бодаи гулранг нигаҳ ме дорад