Ҳар куҷои қиссаи он турра ва кокул гузарад

Мавҷи ошуфтагӣ аз доман сунбул гузарад

Ки гузаштаи азин боғ , ки то домани ҳашар

Арақи шарми варақ бар варақ гул гузарад

Доманаш дар гарави хор надомат монад

Шӯхи чашмӣ ки зи ошиқ ба тағофул гузарад

Домани ҳасани ғаюри ту азон поктрст

Ки таманнои ту дар хотир булбул гузарад

Нануҳум пои иродат ба ҳаримӣ ки дар ӯ

Ҳарфи тӯли амлу арз таҷаммул гузарад

Гиряи ҳасрати мо аз сари афлоки гузашт

Сайли пурзӯр чу уфтад зи сар пул гузарад

Киштии ақл , хроботии ин гирдоб аст

Зуҳра кист далер аз қадаҳ мл гузарад ?

Бас ки дар ҳар гузарии роҳзанӣ пинҳон аст

Ришта аз кӯчаи гавҳар ба таъаммул гузарад

Агар аз умр гиронмоя биёбад муҳлат

Соиб он нест зи Кашмӣру з кобул гузарад