Каъба аз кӯии ту лаббайк занон ме гузарад

Замзам аз хок дарат ашк фишон ме гузарад

Бо ҳамаи тори таъаллуқ ки дар ӯ печида аст

Шамъ дар ним нафас аз сар ҷон ме гузарад

Агар инаст фалак , рӯзу шаби ъушрати мо

Дар шаби ҷумъау рӯз рамазон ме гузарад

Қиссаи ханҷар алмос магӯӣед ба мо

Ки дар ӣнҷои сухан аз теғ забон ме гузарад

Ғайрат аз муддаӣони хӯн маро хоҳад хост

Боғбон кӣ зи сари ҷурм хазон мегузарад ?