Барқро дар назаровар ба хасу хор чаҳ кард

То бадоне ки ба ман шуълаи дидор чаҳ кард

Гар бигӯям , равад аз дасти садафи гироӣ

Ки ба оби гуҳарами сардии бозор чаҳ кард

Мива чун пухта шавад шох бар ӯ зиндон аст

Сари Мансур ба оромгаҳи дор чаҳ кард ?

Ҳадафи сӯзан алмос шавад пардаи гӯш

Гар бигӯям ба ман он ғамзаи хунхор чаҳ кард

Муштӣ аз хор фароҳам кун ва дар оташи рез

Чанд пурсӣ ба ту гардуни ситамкор чаҳ кард ?

Аз тршрўиии гардуни гила беинсофӣ аст

Ханда барқ шунидӣ ба хасу хор чаҳ кард

Сар ба домон баҳораст раги хоби туро

Ту чаҳ доне ки ба ман дидаи бедор чаҳ кард ?

Ғофил аз хеш нае ним нафас , чун доне

Ки таманнои ту бо соиби аФгор чаҳ кард ?