Дар чамани ҷилвагар он қомат раъно ме кард

Нолаи фохтаро сарви ду боло ме кард

Гар наме буд тамошои ғизолони монеъ

Гирди моро ки дарин бодия пайдо мекард ?

Дар назар дошт тамошои хати сабзи туро

Холи рӯзӣ ки дар он кунҷи даҳон ҷо ме кард

Дил ба сарриштаи айши ду ҷаҳон май пайваст

Сар агар дар сари он зулф чилипо ме кард

Перҳани чоки буруни омада будӣ имрӯз

То дигар чашм киро буии ту бино мекард ?

Ҳар сари хор маро нашутур алмосӣ буд

То спрдории ман обила по ме кард

Теғи урён туро диду варақи баргардонад

Он ки доими зи худои умр таманно ме кард

Гар намешуд дил бе тоби ман аз ғайрати об

Хушкии шона чаҳ бо зулф чилипо ме кард

Дошт то гавҳари ман дар дили ин дарёи ҷой

Соҳил аз оби гуҳари ҷилва дарё ме кард

Соиби ин он ғазали ҳофизи Широз ки гуфт

Дигарон ҳам бикунанди ончӣ масеҳо ме кард