Чанд дили хӯни худ аз даврӣ аҳбоб хӯрд ?

Кафи хокӣ чаҳ қадари силӣ сайлоб хӯрд ?

Тарки одоб буд ҳосили ҳангома май

намеҳаромаст бар он кас ки ба одоб хӯрд

Шавад аз захми намоёни ҷигараши ҷавҳардор

Ҳарки аз чашмаи теғи ту дамӣ об хӯрд

То буд дили бсФо , нафас мукаддар бошад

Дузди бедили ҷигари хеш ба маҳтоб хӯрд

Биқрории зи раги ҷон ҳарисон наравад

Бар сари ганҷ буд мор ва ҳамон тоб хӯрд

Фитна дар сояи он зулфи сияҳ дар хоб аст

Оҳ агар бод бар он зулфи сияҳ тоб хӯрд

Ҳарки чун шабнами гул соф кунад машраби хеш

Об аз чашмаи хуршед ҷҳонтоб хӯрд

Рӯзӣ бедаҳанон мерасад аз олами ғайб

Кӯзаи сари баста чу гардид меноб хӯрд

Чаҳ кунад бо ҷигари ташнаи соиби дарё ?

Рег аз чашмаи сӯзан чаҳ қадар об хӯрд ?