Шуд фано ҳар ки сар аз теғи шаҳодат во зад

Тар нашуд ҳар ки далерона бар ин дарё зад

Ҳаркасии ҳоҷати худро ба дарӣ арз намӯд

Дасти дарюзаи мо бар дар истиғно зад

Ба адаб бош ки сар дар қадам теғ ифшоанд

Чун ҳубоби он ки дарин баҳри дам биҷо зад

Гар хасу хор таъаллуқ набӯд домангир

наме тавон хайма чу шабнам ба чаман ҳарҷо зад

Оби равшан ки сафо дар қадамаш ме ғалатед

Дид то рӯй турои оина бар хоро зад

Ҳар ки бар синаи арбоби дуо даст гузошт

Хабар аз хеш надорад ки ба давлат по зад

Соиб аз водӣ дар юза дилҳо магзар

Ки парешон нашуд он кас ки дар дилҳо зад