Он касе чашм ва чароғаст назари бозон ро

Ки чу ёқӯби дарин кор назар ме бозад

Нест имрӯзи назари бозии соиб бо ашк

Умрҳо рафт ки бо гиря назар ме бозад

Чаҳ аҷаби дил агар аз шавқ ҷигар мебозад ?

Нақди ҷонро ба сари шуъла шарар ме бозад

Пеши мо сӯхтаи ҷонон ки назар ме бозем

Ҳарф парвона магӯӣед ки пар ме бозад

Поси гуфтори нигаҳбон ҳаёт абадаст

Шамъ аз тез забонӣаст ки сар ме бозад

Чун з Фарҳод нагирам санади ҷони сахтӣ ?

Ман ки аз тоби ғамами кӯҳ камар ме бозад

Натавон ҳамчуи Хизри об ба танҳоӣ хӯрд

Ташнаи мо ба лаби баҳр ҷигар ме бозад