Агарчӣ нест ғайр аз кӯҳи ғами фарёдраси мо ро

Ҳамон харҷи фиғон ва нола мегардад нафаси мо ро

Макун таклифи сайри гулистони мо гӯшаи гирон ро

Ки боғ длгшоиӣ ҳаст дар кунҷи қафаси мо ро

Фиғон каз толеъи носоз , чун гирдоб дар дарё

з гардиш нест ҳосили ғайри муштии хору хаси мо ро

Фурӯ рафтем умрӣ гарчи дар дарё чу ғаввосон

Наомад гавҳарӣ дар каф ба ҷон бе нафаси мо ро

Фиғон каз пучи мағзӣ чун ҷарас дар водии имкон

Сар омад умр дар фарёд бе фарёдраси мо ро

Абаси барқи фано бар хирман мо мезанад худ ро

Ки месозад парешон омад ва рафт нафаси мо ро

Ҳамин баси ҳосили мо дар харобот аз туҳидастӣ

Ки дар ҳангоми мастӣ ҳо намегирад асаси мо ро

Ба талхӣ қонеъем аз шаҳди ширини ҷаҳони соиб

намесозад шикори хеши ин доми магаси мо ро