Синаро тираи ҳаво ва ҳавасӣ ме созад

Вақти ойӣнаи мукаддар нафасӣ ме созад

Дили маъшӯқ агар байзаи фӯлод буд

Нолаи синаи шикофам ҷарасӣ ме созад

Ростии пеша худ кун хиёнат кардан

Дару девори ҷаҳонро асасӣ ме созад

Чун гул аз пӯсти буруни ханда занон ме ояд

Ҳар ки чун ғунча ба соҳиб нафасӣ ме созад

Чаҳ шавадгар ба шукри хандаи маро шод кунӣ ?

Шаҳд бо онҳамаи шан бо магасӣ ме созад

Нест дар кор , шитоби ӣнҳама дар сӯхтанам

Бо сапанди оташи сӯзон нафасӣ ме созад

Дили арбоби ҳавас ҳар нафасӣ дар ҷое аст

Кӣ саги ҳарзаи мирс бо мирсӣ месозад ?

Дар пас пардаи тазвиру риёи зоҳиди хушк

Анкабутӣаст ки дом магасӣ ме созад

Ҳар дамӣ каз сар сидқаст асарҳо дорад

Субҳи сад шамъ хамӯшӣ аз нафасӣ ме созад

Будам аз нокасе хеши хаҷал , зини ғофил

Ки азин хоки сияҳи ишқ касе ме созад

Рӯҳ дар ҷисм маҳол аст бимонад соиб

Тоири қудси куҷо бо қафасӣ месозад ?