Ишқ дар синаи хасу хори таманнои сӯзад
Орзӯро ба рагу решаи дилҳо сӯзад
Дили бедори азин гӯша нишинон матлаб
Кин чароғӣаст ки дар хилвати анқои сӯзад
Чун Сиёвуши зотш ба саломат гузарад
Ҳар ки имрӯз дар андешаи фардои сӯзад
Гул чароғӣаст ки равшан шавад аз боди саҳар
Лола шамъӣаст ки дар домани саҳрои сӯзад
Ҷилваи соҳил агар силсила ҷунбон гардад
Киштӣ аз грмрўӣ дар дили дарёи сӯзад
Оташин чун шавад аз май гули рухсори туро
Дар шабистони ту парвонаи ду болои сӯзад
Дар ҷигари оҳи марои сардӣ даврон нагузошт
Накунад дӯди дарахтӣ ки зи сармои сӯзад
Кашиши ишқи з маъшӯқ намедорад даст
Шамъ бар турбати парвонаи ду болои сӯзад
Оташ аз суҳбати ҳамдард гулистон гардад
Ҷой раҳмаст бар он шамъ ки танҳо сӯзад
Ҳаст дар шаръи муҳаббат касе имрӯзи тамом
Ки зи аҳбоби дилаш беш зи аъдои сӯзад
Соиб эмин шавад аз ваҳшати торикии қабр
Ҳарки бо дидаи гирёни дили шабҳо сӯзад