Манъам аз хоби адами тира равон бархезад
Ҳар ки шаб сайр хӯрд субҳ гарон бархезад
Шукри ҳангоми шикоят ба забон май орм
Сабза аз оташи ман ҷой духон бархезад
Парда бурдор зи рухсор ки чун тӯтии маст
Занг аз ойӣнаи ман бол фишон бархезад
Дилбарӣ нест ба абрӯии каҷу қомати рост
Бекамондор чаҳ аз тир ва камон бархезад ?
Ҳама бар ҷои худ эй тозаи ниҳолони чаман
Биншинед ки он сарв равон бархезад
эй ки чун ғунча ба шерозаи худ май нозӣ
Бош то силсилаи ҷунбон хазон бархезад
Бар сари турбати ҳаркаси гузарӣ , чун наргис
То қиёмати дилу чашм нигарон бархезад
Бодаи сӣ шабаҳ бояд , ки зи ойӣнаи дил
Занги сӣ рӯзаи моҳ рамазон бархезад
Ҳар киро сайри мақомот буд дар хотир
Ба ки чун неи зи замини баста миён бархезад
Аз хазони зеру зибри гашти гулистони соиб
Шабнам мо нашуд аз хоб гарон бархезад
Соиби ин он ғазали ориф рӯмаст ки гуфт
Чун аён ҷилва диҳад чеҳра , гумон бархезад