Чашми ошиқи паии ҷонон ба паридан нарасад
Дили сайёд ба оҳӯ ба тапидан нарасад
Ахтари ошиқу умеди тараққӣ , ҳайҳот
Донаи сӯхтаи ҳаргиз ба дамӣдан нарасад
Баҳр гулгуна рубойанд зи ҳам ҳуронаш
Куштаи теғи турои хӯн ба чакидан нарасад
Мо қадам бар қадами ҷозиба дил дорем
Хабари қофилаи мо ба шунидан нарасад
Ба тамошои зи биҳишти рух ӯ қонеъ бош
Ки гулу миваи ин боғ ба чидан нарасад
Қисмати ин буд ки аз дафтари парвози баланд
Ба ман хаста ба ҷузи чашм паридан нарасад
Парда субҳ умедаст шаби навмидӣ
То насузад нафаси ӣнҷо ба кашӣдан нарасад
Давртар мешавад аз қатъи масофати роҳаш
Раҳнавардӣ ки ба манзил ба рамидан нарасад
Ту зи лаъли лаби худ , ком макидан бурдор
Ки ба мо ҷузи лаб хамёза макидан нарасад
Дар ҳаримӣ ки ман аз дарди кшонми соиб
Баҳрро даъвӣ паймона кашӣдан нарасад