Подшоҳӣ на ба симу зар ва гавҳар бошад
Ҳар киро сад рамақ ҳаст Сикандар бошад
Ҳарки чун баҳр ба талхӣ гузаронад айём
Зоҳиру ботин ӯ анбар ва гавҳар бошад
Ҳарф сомон мазан эй хоҷа ки дар кишвари ишқ
Ҳаркии оҳаш ба ҷигар нест тавонгар бошад
Ҳеҷ дардии бтар аз офият доим нест
Талхии тоза ба аз қанд мукаррар бошад
Зиндагӣ бе ҷигари сӯхта зулмаст , арнаҳ
Ҷоми тбхолаҳи мо бар лаб кавсар бошад
Не маҳоласт ки аз банд халосӣ ёбад
То дилаш дар гарави суҳбат шукр бошад
Ба адаб бо ҳама сар кун ки дили шоҳу гадо
Дар тарозуии мукофот баробар бошад
Масти нозӣ ки дили ваҳшӣ мо карда шикор
Шоҳбозш май чун хӯн кабӯтар бошад
Пеши ҷамъӣ ки зи миннати дилашон сӯхта аст
Ташнаи лаби мурдан аз иқбол Сикандар бошад
Сабр бар сӯзи дилу ташна лабӣ кун соиб
Ки чу дил об шавад чашма кавсар бошад