Ҳаркиро чашм бар он гӯша абрӯ бошад

Дилаши овехтаи пайваста ба як мӯ бошад

Накушуд дил ба тамошои хиёбони биҳишт

Ҳаркиро дар назари он қомат дилҷӯ бошад

Хати он пушти лаб аз чеҳра хушоянда тараст

Сабзаро ҷилваи дигар ба лаб ҷӯ бошад

Суҳбат қол шуморанд хаёл андишон

Хилватиро ки дар ӯ чашм сухангӯ бошад

Ботини мо буд аз зоҳири мо равшантар

Пушти ойӣнаи мо софтар аз рӯ бошад

Сангу зар дар назари орифи огоҳ яке аст

Садафи гавҳари инсоф тарозу бошад

Май пурди дида ба ҷӯй дигаронаш чу ҳубоб

Рӯзӣ ҳар ки на аз қӯт бозу бошад

Нест пӯшида бар ӯ сӯрати аҳволи ҷаҳон

Ҳаркиро ҷоми ҷами ойӣна зону бошад

Натавон гавҳар ноёб ба ғаввосӣ ёфт

Ҷой раҳмаст бар он кас ки худоҷӯ бошад

Ҳарки бе ҷозибаи он тараф аз ҷои хезад

Ҳосилаши обилаи пои з такопу бошад

Булбулони худ сар ва гулҳо ҳама бешарм шаванд

Гулистонӣ ки дар ӯ як гул худру бошад

Нест мавқуфи сабаб , сӯзи дили мо соиб

Лолаи доғи дарин ғамкада худру бошад