Аз қазои чашми сиёҳи ту ба ёдам омад
Қадар андоз нигоҳи ту ба ёдам омад
Таркиши тири ҷгрдўзи қазоро дидам
Сафи мижгони сиёҳи ту ба ёдам омад
Ба дили содаи худ роҳ нигоҳам афтод
Сафҳа рӯй чу моҳи ту ба ёдам омад
Барқро дасту гиребон гиёҳӣ дидам
Бигнаҳи сӯзи нигоҳи ту ба ёдам омад
Андалебӣ ба сари шох гулӣ ме ларзид
Ҷунбиши пари кулоҳи ту ба ёдам омад
Мӯии пари печу хамӣ бар сар оташ дидам
Зулфи хуршеди паноҳи ту ба ёдам омад
Соиб аз ҷилваи барқӣ ки ба хирман афтод
Синаи пардозии оҳи ту ба ёдам омад