Ҳасрати умр , маро дар дил аФгор бимонад
Рафт сайлоб ба дарёу хас ва хор бимонад
Дар бисоти ман сўдоздаҳ зон боғу баҳор
Хор хорӣаст ки дар сина аФгор бимонад
Марказ аз доираи парвона озодӣ ёфт
Дили мо буд ки дар ҳалқа зуннор бимонад
Боли парвози з ҳар мавҷ саробаш доданд
Ҳарки дар бодияи ишқи з рафтор бимонад
Анкабутӣаст ки дар фикри шикор магас аст
Зоҳиди хушк ки дар парда пиндор бимонад
Зери гардуни хабар аз ҳоли дил ман дорад
Ҳаркиро оина дар парда зангор бимонад
Дил ба назора ӯ шуд ки дигар боз ояд
Об гардид ва дар он лаъл гуҳар бимонад
Ҷон наме хости дарин ғамкада сокин гардад
Аз ғубори дили мо дар таҳ девор бимонад
Шаст аз хӯни шафақи субҳи қиёмати доман
Хӯни мо буд ки бар гардан дилдор бимонад
наметавонад гиреҳ аз кори ду олам во кард
Дасти ҳаркаси зи тамошои ту аз кор бимонад
Донаи сӯхта аз хоки баромади соиб
Дил бе ҳосили мо дар таҳ девор бимонад