Мо ба соқӣу ҳарифон ба шароби афтоданд
Мо ба сарчашмау ёрон ба сароби афтоданд
Самар аз мост агар барги дигарҳо бурданд
Гавҳар аз мост агар халқ дар оби афтоданд
Хабар аз доғи ҷигарсӯз ғарибон доранд
Мавҷҳое ки зи дарё ба сароби афтоданд
Пушт доданд ба девори садаф чун гавҳар
Қатраҳоӣ ки ба дарёи зи саҳоби афтоданд
Оҳи афсӯс буд ҳосили меъмороне
Ки ба таъмири ман хонаи хароби афтоданд
Дар чамани рашк бар он бол фишонон дорам
Ки ба сарпанҷаи шоҳину уқоби афтоданд
Шаби зулфи ту чаҳ афсона надонам сар кард
Омилоне ки ба девони ҳисоби афтоданд
Дили маъмур аз он қавм талаб кун соиб
Ки ба як ҷилваи мастонаи хароби афтоданд