Доруии биҳшӣ аз ҷом сифотам доданд
Серумаи хомшӣ аз нуқта зотам доданд
Гирди роҳи адам аз хеши ниФшондаҳ ҳануз
Танги чашмони ҳаводис ба баротам доданд
Манам он раҳрави лаби ташна ки аз сидқи талаб
Ҳам зи тбхолаҳи худ об ҳаётам доданд
Гарчи аз ишқ кашиданд ба сад банди маро
Аз гирифтории айём наҷотам доданд
Охири кори ману беди туҳидаст яке аст
Ки пас аз хушк шудани об наботам доданд
Чашм бар ҳарчӣ дарин боғ гушӯдам соиб
Ёд азон дилбари ширин ҳаракотам доданд