Соликоне ки қадам дар раҳ ҷонона заданд

Пушти по бар фалак аз ҳиммат мардона заданд

Мастӣ аз шишау паймона холӣ карданд

Содаи лавҳон ки дар каъба ва бтхонаҳ заданд

Фалак бесару пои ҳалқаи беруни дуруст

Дар мақомӣ ки саропарда ҷонона заданд

Домани умри абад дар каф ҷамъӣ афтод

Ки ба сари панҷаи сари зулфи туро шона заданд

Хандаи субҳ қиёмат накунад бедораш

Ҳаркиро роҳ ба он наргис мисона заданд

Шиква аз олам таҷред накардам ҳаргиз

Ба чаҳ тақсири марои гул ба дар хона заданд ?

Нест мумкин ки ба сад гиря мастона равад

Мушти хокӣ ки ба чашми ман девона заданд

Тан чаҳ хокаст ки масҷуд млоик бошад ?

Баҳр май бӯса ба кунҷи лаб паймона заданд

Чашм азон хол бапушед ки дар рӯзи нахуст

Барқ дар хирмани одам ба ҳамин дона заданд

Файзи арбоби ҷунуни ҳеҷ кам аз дарё нест

Шуд гуҳар , сангӣ агар бар ман девона заданд

То ба он ганҷи гуҳари дида бадбӣн нарасад

Ҷғд , нилӣаст ки бар чеҳра вайрона заданд

Лола дар санги ниҳон буд ки отшдстон

Сиккаи доғ ба номи ман девона заданд

Ишқу ҳангомаи оғӯши тарозӣ , ҳайҳот

Шамъ дастӣаст ки бар сина парвона заданд

Срдстӣ ки фишонданд ба олами риндон

Зоҳидӣ дар камари сбҳаҳи сад дона заданд

Хабари баҳр азон роҳравон бояд ҷуст

Ки қадам бар қадами гиря мастона заданд

Соиб аз шарми буруни ой ки дар рӯзи азал

Табли расвои мо бар дар майхона заданд