То ту бепарда шудӣ лолаи рухон хор шуданд

Ҳамаи гулҳои чаман дар пас девор шуданд

эй басои хираи нигоҳон ки ба як чашм задан

Чун шарари маҳв дар он шуъла дидор шуданд

Парда бурдор ки аз шавқи тамошои рахт

Дару девори ҷаҳони оина рухсор шуданд

Ин чаҳ қадаст ки то соя ба гулзори афканд

Сарвҳо дар бағали рахна девор шуданд

То ливои хати мишкӣни туро во карданд

Саракашон чун илми зулф нигунсор шуданд

Ҳеҷ кас нест ки донад ба чаҳ кор омада аст

Бас ки мардуми зи тамошои ту аз кор шуданд

Кори мавқуф ба вақтаст ки ашҷори чаман

Ба насимии ҳама аз барг сбкбор шуданд

Маргро талх кунад умр чу ширин гузарад

Ҷой шукраст ки афлок ситамкор шуданд

Ёрб эй ишқи гиронмоя чаҳ эксирии ту

Ки ҳамаи биҷгрон аз ту ҷигардор шуданд

Меҳри зан бар лаби даъвӣ ки басо чун Мансур

Аз тиҳии мағзии худ тоҷ сардор шуданд

Риштаи умр ба миқрози ду лаб қатъ шавад

Бештари халқи ҷаҳон дар сар гуфтор шуданд

Соиби ин он ғазали муршид рӯмаст ки гуфт

Ид бигузашту ҳамаи халқи пай кор шуданд