Ба камони пушт ва ба шамшер даҳан бахшиданд

Синаи гарм чу хуршед ба ман бахшиданд

Ҷоми хуршеди зиёд аз даҳани гардун буд

Ба лаби ташнаи дрёкш ман бахшиданд

Рангу бӯе ки азон боғи ҷинони рангин буд

Гирд карданд ва ба он себ зқн бахшиданд

Зон гиреҳҳо ки дар он зулфи сияҳ бор наёфт

Нофае чанд ба саҳроӣ хутан бахшиданд

Печу тобӣ ки зи мӯии камар афзӯн омад

Ба сари зулфи парешон сухан бахшиданд

Нурро бода кунад дар қадаҳи чашми Суҳайл

Ҷуръае каз лаби лаълаш ба Яман бахшиданд

Лағзишӣ чанд каз арбоби назар содир шуд

Ба сафои рухи он сим бадан бахшиданд

Узр май хӯрдан мо рӯз ҷазо хоҳад хост

Чашми мастӣ ки ба он тавба шикан бахшиданд

Дурбинони ҷаҳони хурдаи ҷони пеш аз марг

Нақд карданд ва ба он ғунча даҳан бахшиданд

Қамарӣоне ки дарин доира бнё буданд

Умри худ ҷумла ба он сарв чаман бахшиданд

Буд агар перҳанӣ бар тани Юсуфи сафатон

Вақти эҳроми ғарибӣ ба ватан бахшиданд

Кард бо шукр агар дасти дарозии соиб

Гунаҳи тӯтии моро ба сухан бахшиданд