Бузургоне ки монеъ мешаванд арбоби ҳоҷат ро

Ба чӯб аз остон хеш меронанд давлат ро

намедонад касе дар ишқи қадари дарду меҳнат ро

Ки истимрор неъмат мекунад бе қадари неъмат ро

Ба шукри ин ки дории фурсатӣ , таъмир дилҳо кун

Ки кӯтоҳаст умри Комронии барқи фурсат ро

Касеро мерасад бо чархи миноеи тарафи гаштан

Ки чун ратли гарон бар сар кашад санги маломат ро

Адолат кун ки дар адли ончии як соъат ба даст ояд

Муяссар нест дар ҳафтод соли аҳли ибодат ро

Хамӯширо чароғи орият дар остин дорад

Ба нури ҷабҳаи равшани дори миҳроби ибодат ро

Ба он хорӣ ки сагро давр май созанд аз масҷид

Мукаррар рондаам аз остони хеши давлат ро

Агар кӯҳи гуноҳи мо ба маҳшар соя андозад

Набинад ҳеҷ муҷрим рӯй хуршеди қиёмат ро

Раги хоби маро дар даст дорад чашми пари корӣ

Ки аз ҳар ҷунбиши мижгон ба рақси оради қиёмат ро

Марои гумномӣ аз ваҳдат ба касрат мекашад соиб

Вагарнаи гӯшаи азлат , кмингоҳӣаст шӯҳрат ро