На ғами хор ва на андеша хоро доранд
Раҳнавардони ту пешонӣ саҳро доранд
Ба зару сими ҷаҳон чашм насозанд сиёҳ
По ба ганҷи гуҳар аз обила по доранд
Водоиӣ нест ки сад бор бар ӯ нагузаштанд
Гарчи аз хоби гарони силсила барпо доранд
Фикри зоди сафар аз дӯш худ андохта анд
Тӯша аз лухти дили хеш муҳайё доранд
Чун садафи косаи дарюза ба дарё набаранд
Рӯзии худ тамаъ аз олам боло доранд
Меҳр бар лаб зада чун ғунча ва рангин сухананд
Чашми пӯшидау сдгўнаҳ тамошо доранд
Кӯдаконе ки дарин доира саргардонанд
Бар сари ҷўзи тиҳии ӣнҳама ғавғо доранд
Як ҷиҳат то нашӯй бар ту нагардад равшан
Кин мухолифи сафарон рӯй ба як ҷо доранд
Хор дар дида мӯрӣ натавонанд шикаст
Дар хароши ҷигари худ яд тӯлӣ доранд
Парда ганҷ шавад хона чу вайрон гардад
Мардум аз сайли фанои шиква биҷо доранд
Соиби ин домани пари гул ки баҳор оварда аст
Музд хорӣаст ки ин тайифа дар по доранд