Равшаноне ки зи хуршед назар ме гиранд

Чашми нзоргёнро ба гуҳар ме гиранд

Ҷомаи шҳпри тоўс дар ӯ ме пӯшанд

Байзаи зоғ агар дар таҳ пар ме гиранд

Натавонанд ба сад қарн гирифтани шоҳон

Кишвариро ки ба як оҳ саҳар ме гиранд

Раҳрави ишқ ба дунбол набинад чун барқ

Коҳилон ҳар нафас аз хеш хабар ме гиранд

Сухани пок маҳоласт ки бар хок уфтад

Тӯтӣони музди худ охири з шукр ме гиранд

эй ки бо сӯхтагони завқи такаллуми дорӣ

Серума дар роҳи нафаси рез ки дар ме гиранд

Хабар аз қофилаи рег равон ме гиранд

Аз ман ин бихбронӣ ки хабар ме гиранд

Прдлон чашм надоранд ки душмани бенанд

На з аҷзаст ки бар рӯй , сипар ме гиранд

Хаҷал аз обилаҳои дили хешам ки мудом

Соғарии пеши ман ташна ҷигар ме гиранд

Ханда бо чошнӣ умр намегардад ҷамъ

Пистаро бе лаби хандон ба шукр ме гиранд

Анқарибаст нафаси сӯхтагони хати сабз

Аз лабаш дод ман ташна ҷигар ме гиранд

Соиби ин софи замирон чу даҳан боз кунанд

Чун садафи доманӣ аз дар ва гуҳар ме гиранд