Фитнаро чашми сияҳи масти ту ҳушёр кунад

Шармро рӯй ърқноки ту бедор кунад

Ҳаркиро фикри сари зулфи ту дар ҳам печад

Камари ваҳдати худ ҳалқа зуннор кунад

Накунад шабнами гули реги равонро сероб

Оби кавсар чаҳ ба лаби ташна бедор кунад ?

Он қадри гирд кудурат нанашастааст ба дил

Ки марои сайли гаронсанг сбкбор кунад

Адаби ишқ бар он ринди назари бози ҳалол

Ки тамошои гул аз рахна девор кунад

Роҳ ҳамвор кунад пардаи хоби обила ро

Раҳнаварди ту ҳазар аз гул бехор кунад

Занг дар синаи ман реша рисондааст ба об

Саъии сайқал чаҳ ба ин оина тор кунад ?