Чашми худ хоҷа агар сайр ба тадбир кунад
Ба азонаст ки сад гуруснаро сайр кунад
Солҳо шуд дили хуши машраби мо вайрон аст
Кист дар роҳи ҳақи ин бткдаҳ таъмир кунад ?
Тарбият ёфта ишқи ҷавонмардами ман
Чархи номард ки бошад ки маро пер кунад !
Сухани ишқи асар дар дил зӯҳҳод накард
Нафаси субҳ чаҳ бо ғунча тасвир кунад ?
наметавонад ба ҳам омезиши мо ва ту диҳад
Он ки маҳтобу каттонро шукр ва шер кунад
Ҳеҷ ташрифи ҷаҳонро ба аз озодӣ нест
Рахти худ сарв маҳоласт ки тағйир кунад
Гиреҳ аз мӯӣ ба дандон нагушӯдааст касе
Шона чун рахна дар он зулф гиреҳгир кунад ?
Хастаро дар ҷигари гарм агар сидқӣ ҳаст
Устихони сӯхтаи ҳам кор тбошир кунад
Шаҳнаи дидаи варии кӯ , ки дарин фасли баҳор
Ҳарки девона нагаштааст ба занҷир кунад
Чашми махмури ту дар хоби ҷаҳониро кишт
Пушти шамшери ту кори дам шамшер кунад
Ҳама донанд ки мазлӯм ки ва золим кист
Миси бадгавҳар агар ноз ба эксир кунад
Набарди тишнагӣ аз реги равони соиби об
Дар ҷгрсўхтгони бода чаҳ таъси кунад ?