Дар садафи чашм маҳоласт гуҳар боз кунад

Гиреҳ аз дидаи пӯшидаи сафар боз кунад

Оҳ сардаст гушояндаи дилҳои ғамин

Аз дили ғунчаи гиреҳи боди саҳар боз кунад

Ҳаркии беруни ннҳои пои худ аз ҳалқаи зикр

Чашм чун сбҳаҳи зи сад роҳгзр боз кунад

Зостини дасти бурун гар накунад болидан

Кист то банди қабои ту дигар боз кунад ?

Аз ваболи ахтари мо низ бурун ме ояд

Чашм агар дар ҷигари санги шарар боз кунад

СоФдли муҳаррам ва бегона намедонад чист

Ки ба рӯй ҳамаи каси оина дар боз кунад

Мардуми чашми марогар ҳадаф тир кунӣ

Ба тамошои рахти чашм дигар боз кунад

Чаҳ хаёласт дил озод шавад зери фалак ?

Мурғ дар байза маҳоласт ки пар боз кунад

Пухтагӣ гар накунад раҳм ба кӯтаҳи дастон

Кист каз нахли баланди ту самар боз кунад ?

Хабарӣ нест сазовори шунидани соиб

Гӯши худ кас ба умед чаҳ хабар боз кунад ?