Доғ бо синаи арбоби муҳаббат чаҳ кунад ?
Лола бо домани саҳрои қиёмат чаҳ кунад ?
Заҳр дар машраби мо бодаи лаб ширин аст
Бо дили мо сухани талхи насиҳат чаҳ кунад ?
Фориғ аз беш ва кам баҳр буд оби гуҳар
Хушкии чарх ба арбоби қаноат чаҳ кунад ?
Наргис аз хоб гарон дод сари хеш ба бод
То ба мо оқибати хоби фароғат чаҳ кунад ?
намешавад қимати Юсуфи зи ғарибии афзӯн
Бо азизони ҷаҳон , хории ғурбат чаҳ кунад ?
Хурдаи гул чаҳ буд пеши сбкдстии бод ?
Ҳосил рӯй замини пеши саховат чаҳ кунад ?
Бо чароғӣ ки буд сарсараш аз синаи хеш
Гар шавад ҳар ду ҷаҳони дасти ҳимоят чаҳ кунад ?
Осмон аз сипар андохтагонаст ӣнҷо
Дар чунин маъракае теғи шуҷоат чаҳ кунад ?
Буд ёқӯб ба пероҳани Юсуфи хўшўқт
Он ки додааст зи кафи домани фурсат чаҳ кунад ?
Кӯҳро май баради ин бодаи пурзӯр аз ҷо
То ба ин шишаи дилони мастии давлат чаҳ кунад ?
Шаби торик буд пардаи ҷамъияти дил
Соиб аз тирагии бахти шикоят чаҳ кунад ?