Хирмани сабр ба ин барқи Аннанон чаҳ кунад ?
Сипари ақл ба ин сахти камонон чаҳ кунад ?
Реша дар байза фӯлод дуанд ҷавҳар
Дил чун мум ба ин мӯри миёнон чаҳ кунад ?
Ваъдаи бӯса ба даврони хат сабз диҳанд
Дил бесабр ба ин танги даҳонон чаҳ кунад ?
Сангро нарм кунад соқии ширини гуфтор
Хушкии зуҳд ба ин чарби забонон чаҳ кунад ?
Оташ аз хору хаси афрӯхта тар ме гардад
Таъни ағёр ба мо сӯхтаи ҷонон чаҳ кунад ?
Пои хобида ба фарёд нагардад бедор
Шӯриши субҳи қиёмат ба гаронон чаҳ кунад ?
Байзаи чарх агар байза фӯлод шавад
Пеши битобии мо бол фишонон чаҳ кунад ?
Покбозони ту аз теғ аҷал озоданд
Гзлки маҳв ба беному нишонон чаҳ кунад ?
Сарвро фохта аз нашаву намо монеъ нест
Фалаки пер ба иқболи ҷавонон чаҳ кунад ?
Баҳри равшангари ойӣна сайлоб шавад
Май нософ ба мо софи равонон чаҳ кунад ?
Дили бедори бҷон аз сухан сард расед
Шамъ бепарда ба ин даст фишонон чаҳ кунад ?
Дар гирифт аз нафаси гарми ту соиби дили санг
Ин шарар то ба дили сӯхтаи ҷонон чаҳ кунад ?