Рафъи дилтангии ман ншأаҳ саҳбо накунад

Ҳеҷ каси ғунчаи пайкон ба нафас во накунад

Аз сипар , тири қазо рӯй наме гирданд

Сайл аз хона дар баста муҳобо накунад

Гар шавад домани пероҳани Юсуфи сад чок

Рахна дар пардаи номӯс Зулайхо накунад

Саъй дар хӯни худ аз хасм фузунтар дорад

Ҳарки бо душмани хунхор мудоро накунад

Шавад аз гавҳари ибрати садафаши синаи баҳр

Дурбинӣ ки нигаҳи харҷ тамошо накунад

намекунад зулфи дарози ту ба дилҳои ҳазин

Ончӣ бо хастаи равонони шаб ялдо накунад

Сухан талх нагардад ба табассуми ширин

Чораи талхӣ май қҳқаҳ мино накунад

Ҳарки чун шона насозад дили худро сад чок

Панҷа дар панҷаи он зулф чилипо накунад

Санг доранд зи девонаи дареғи атфолаш

Чун азин шаҳр касе рӯй ба саҳро накунад ?

Сӯзи ишқ аз сари ошиқ ба мудово наравад

Ки алоҷи таби хуршед масеҳо накунад

намерасад рӯзяш аз олами болои соиб

Чун садафи ҳаркии даҳани боз ба дарё накунад