Ёди рӯйиш на чароғӣаст ки хомӯш кунанд

Намакӣ нест лаб ӯ ки фаромӯш кунанд

Накунад бодаи равшан ба хирадҳои заъиф

Ончии чашмони сияҳи масти ту боҳуш кунанд

Нест мумкин ки ба миъроҷ иҷобат нарасад

Ҳар дуое ки дар он субҳ биногваш кунанд

Кори сад ратл гарон мекунад аз шодобӣ

Гавҳариро ки зи гуфтори ту дар гӯш кунанд

Доим аз ғайрати хунобаи кшоннди хароб

Нотавонон ки шабу рӯзи қадаҳ нӯш кунанд

Қади броФроз ки симини баданони нақди ҳаёт

Ҳамчуи гули сарф ба хамёза оғӯш кунанд

Ишқи болотар азонаст ки пинҳон гардад

Шуълаи раънотар азонаст ки хас пӯш кунанд

Сарди Меҳрони ҷаҳонгар ҳама сарсар гирданд

Дили равшан на чароғӣаст ки хомӯш кунанд

Софи табъон ки ба зиндон бадан маҳбӯсанд

Хиштро аз сари хами давр ба як ҷӯш кунанд

Маст оянд ба саҳрои қиёмати соиб

Халқ агар аз таҳи дили фикри туро гӯш кунанд