Муҳайёи шӯ дило дар ишқи анвоъи маломат ро
Ки санг кам намебошад тарозуии қиёмат ро
Азон пайваста дорам бар ҷигари дандони навмидӣ
Ки кофӣ нест пушти дасти ман захми надомат ро
Чу хуршедаст пайдои рози ишқ аз синаи ошиқ
Набошад номаи печида , саҳрои қиёмат ро
Дар он гулшан ки умри боғбон аз гул буд камтар
Зиҳии ғофил ки резад бар замини ранги иқомат ро
Нишони ишқро бигзор чун оташ ба ҳоли худ
Ки расвоӣ шавад аз пӯшиши афзӯни ин аломат ро
Камон мекард тавқи қамарёнро қад чун тираш
Агар медид сарви бӯстони он сарви қомат ро
Ба нахли борвари санг аз дару девор май борад
Агар аҳли дилӣ , омодаи шӯи соиби маломат ро