Чашмаи замзами мо теғи ту бибок буд

Ҳалқаи каъбаи мо ҳалқаи фитрок буд

Нест як сабзаи бегонаи дарин ваҳдатгоҳ

Гар турои оина аз занги дуе пок буд

Гиря бар уқдаи мо уқдаи дигари афзуд

Гиреҳи хотири ошиқи гиреҳи ток буд

Ҳосил аз доғи ҷунуни сина чокӣ дорем

Қисмати субҳи зи хуршеди дили чок буд

Хоксорона агар зист туоне кардан

Чун замини ҷомаи ?ут аз атласи афлок буд

Тухми қоруни зи дили хок ба саҳро омад

То ба кӣ донаи мо дар ҷигари хок буд ?

Иди қурбони ман бесару по он рӯзаст

Ки гиребони ман он ҳалқаи фитрок буд

Ба хаёлии зи висоли ту қаноат карда аст

Соиб он нест ки аз ҳиҷри ту ғамнок буд