Лаби лаъли ту ҳамон талх забонаст ки буд

Дар нигини ту ҳамон заҳр ниҳонаст ки буд

Ҳасани аҳляти хати ҳеҷ асар дар ту накард

Оташи хуии ту ҷонсӯз чунонаст ки буд

Дили сангини турои нолаи мо нарм накард

Ҳалқаи зулфи ҳамон сахт камонаст ки буд

Шаби зулфати зи хати сабз , сияҳи дил тар шуд

Ин сияҳи кори ҳамон душман ҷонаст ки буд

Гарчи шуд кишвари ҳасани ту зи хати зеру зибр

Ҳамчунон дида ба рӯят нигаронаст ки буд

Хати бирҳм ба инсоф наёвард туро

Хашму нозу ситаму ҷавр ҳамонаст ки буд

Хати зи рухсори ту ҳарчанд қиёмат ангехт

Чашми мастат ба ҳамон хоб гаронаст ки буд

Дили мо бо ту чунонаст ки худ май доне

Гӯшаи чашми ту бо мо на чунонаст ки буд

Нест мумкин ки дили мо зи вафои баргардад

Мо ҳамонем агар ёр ҳамонаст ки буд

Гарчи нагузошт асари ишқи ту аз ному нишон

Дили зи доғат ба ҳамон меҳр ва нишонаст ки буд

Гарчи шуд бодаи ҳасани ту зи хати по ба рикоб

Соиб аз ҷумлаи хуноба кашонаст ки буд