Дили девонаи ман қобил занҷир набӯд
Варна кӯтоҳӣ азон зулф гиреҳгир набӯд
Умри мардуми ҳама дар парда ҳайронӣ рафт
Олами хок кам аз олам тасвир набӯд
Кор бар неъмати алвон ҷаҳон мешуд танг
Агар аз хӯрдани дил , дидаи мо сайр набӯд
Ваҳшати он ба ки зи такрор дўболо нашавад
Хоби ошуфтаи мо қобил таъбир набӯд
Дошт то шарми карами роҳи сухан дар девон
Узри ҳаргиз ба пазироӣ тақсир набӯд
Сар азон бар хат таслим ниҳодем ки ишқ
Давлатӣ буд ки муҳтоҷ ба тадбир набӯд
Ишқи бардошти зи кўчкдлӣ аз хоки маро
Варна вайронаи ман қобил таъмир набӯд
Бе тугар рӯй ба миҳроб намоз оварадам
Чун кмонхонаҳи абрӯии ту бетир набӯд
Шарҳи хати печу хамӣ чанд ба гуфтори афзуд
Нуқтаи холи ту муҳтоҷ ба тафсир набӯд
Хушкии толеъи мо сад Сикандар гардид
Варна пистони насиби ӣнҳама бешер набӯд
Нолаи аҳли ҷунун буд бурун аз паргор
Соиби имрӯз ки дар ҳалқа занҷир набӯд