Бодро роҳ дар он турра печон набӯд

Шонаро даст бар он зулф парешон набӯд

Дар шаҳодати дили ман ҳиммат дигар дорад

Нашавам кушта ба захмӣ ки намоён набӯд

Андалебӣ ки ба ҳар ғунча дилаш ме ларзад

Беҳтар онаст ки дар саҳн гулистон набӯд

Дили зи тасхири сари зулф ту шуд шодии марг

Мӯрро ҳавсилаи малик сулаймон набӯд

Суҳбати духтари рузи турфа хуморӣ дорад

Ҳеҷ кас нест ки аз тавба пушаймон набӯд

Шармгинон ба хамӯшӣ адаб хасм кунанд

Теғи ин тайифа дар маърака урён набӯд

Шонаро нохуни тадбир ба сарпанҷа намонад

Мушкили зулф гушӯдани зиҳам , осон набӯд

Он қадри шӯр ки бояд ҳама бо худ дорад

Доғи мо дар хами тороҷ намакдон набӯд

Мисраӣ сар назанад аз лаби фикрати соиб

Агар он зулфи сияҳи силсила ҷунбон набӯд