Нест мумкини дил азон ҷони ҷаҳон сайр шавад

Ҳасан аз ойӣна маҳоласт ки дилгир шавад

Даҳани танги ту ҳарҷо ки ба гуфтор ояд

Лаби рангини суханони ғунча тасвир шавад

Биқрори ту чу маҷнӯн нанишинад аз по

Чашми оҳӯ агараш ҳалқа занҷир шавад

Ҳеҷ ҷо то ҳадаф ором нагирад чун тир

Ҳаркиро ҷозибаи шавқ Аннангир шавад

Асари зулми магари доман золим гирад

Варна он сабр ки дорад ки худогир шавад ?

Ҳирс аз тинати перони набарди мӯии сифед

Ин табӣ нест ки сокин ба тбошир шавад

Иштиёқи лаб ширин нанишинад аз ҷӯш

Хӯни Фарҳоди пас аз кушта шудан шер шавад

Дар қиёмати сипари оташ дӯзах гардад

Сина ҳар ки дар ӣнҷои ҳадаф тир шавад

Об дар қабза фӯлод нахоҳад мондан

Печу тоби ман агар ҷавҳар шамшер шавад

Донаи сӯхтаи хок фаромӯшон аст

Ҳаркии машғӯл ба обу гул таъмир шавад

Шабнам аз дидан хуршед намегардад сайр

Чашми соиби зи тамошои ту чун сайр шавад ?