Гар зи рухсори шӯии боғу баҳорам чаҳ шавад ?
Сабз агар аз ту шавад бутаи хорам чаҳ шавад ?
Пеш азон дам ки равад кори ман аз дасти бурун
Гар ту бирҳм кунӣ чораи корам чаҳ шавад ?
Аз тамошои ту аз дили сияҳии маҳрӯмам
Сайқалӣ гар кунӣ ойӣнаи торам чаҳ шавад ?
Ғунча аз бода нагардад гули хамёзаи ман
Агар аз бӯса кунӣ рафъи хуморам чаҳ шавад ?
Дар гиреҳ мефитад аз банди қабои риштаи шавқ
Як таҳи перҳани ое ба канорам чаҳ шавад ?
Баъди умрӣ ки ба дилҷӯеи ман омада Эй
Нашӯй роҳзани сабру қарорам чаҳ шавад ?
Чун начедам гулӣ аз рӯй ту айёми ҳаёт
Агар аз чеҳраи шӯии шамъи мазорам чаҳ шавад ?
Кард чун марги зи домони ту дастами кӯтоҳ
Накашӣ домани худгар зи ғуборам чаҳ шавад ?
Чун ба хилват надиҳӣ роҳи ман аз нозу ғурур
Накунӣ давр агар аз роҳгзорм чаҳ шавад ?
Моҳи нав бадар шуду партав хуршед баҷост
Комёб аз ту шавадгар дили зорам чаҳ шавад ?
Нест чун лоиқи рухсори ту гулгунаи ман
Даст рангин кунӣ аз хӯни шикорам чаҳ шавад ?
То кунам хӯн ба дил аз ҳасрати дидори туро
Гар кунӣ як ду нафас оина дорам чаҳ шавад ?
Соиб аз доғи саропо шудаам чашми умед
Шамъ болин шавад он лолаи изорам чаҳ шавад ?