Монеъи шӯри ҷунуни силсила по нашавад

Сайлро мавҷи Аннани тоби з дарё нашавад

Нашуд аз хандаи зоҳири дили пурхӯни шодон

Талхии бода кам аз қҳқаҳ мино нашавад

Нест гунҷоиши усарои ҳақиқати дил ро

Гӯши моҳии садафи гавҳар дарё нашавад

Нашавад санги раҳи оби равони ҷӯши ҳубоб

Монеъи грмрўони обила по нашавад

Ҷамъ дар ҳавсила мӯр шавад донаи мо

Хирмани мо гиреҳи сина саҳро нашавад

Чаҳ кунад субҳи қиёмат ба шаби тираи мо ?

Дили фиръавни сифед аз яд Байзо нашавад

Печу тоб аз раги ҷон дар ҳарам васл нарафт

Мавҷи сокин ба бағалгирӣ дарё нашавад

Ишқ мағрур кунад хӯн ба дили ҳасани охир

Юсуф он нест ки мағлуб Зулайхо нашавад

Садафи гавҳар ибрат шавадаш дидаи пок

Орифиро ки нигаҳи харҷ тамошо нашавад

Субҳ перӣ нашавад пардаи сияҳи корӣ ро

Мӯи дарин шер маҳоласт ки расво нашавад

Оташи ишқ ба тадбир нагардад хомӯш

Таби хуршеди хунак аз дам исо нашавад

Соиб аз доғ ҷунунаст сияҳи мастии мо

Сари мо гарми зи кайфият саҳбо нашавад