Хушо рӯзӣ ки байнами дилбари бгзидаҳи худ ро

з рухсораш барафрӯзам чароғи дидаи худ ро

Чаро мамнӯн шавам аз гулшани орои ман ки ме донам

Ба аз сад дастаи гул , домани барчӣдаи худ ро

Ба домони садафи бор дигар афкандам аз соҳил

зи қаҳти қадрдонони гавҳари санҷидаи худ ро

Саромад чун ҷарас ҳар чанд дар фарёди умри ман

Нашуд бедори созами толеъи хобидаи худ ро

зи оби зиндагии реги равон сирӣ наме дорад

з май сероб чун созами дили ғами дидаи худ ро

Садаф аз абр Нитсаон мекунад биҷои гуҳари пинҳон

Нагирад пас Карим аз соилони бахшидаи худ ро

Наяндозад ба ҳар олӯдаи домани ишқ ӯ соя

Ба хосон медиҳад шаҳ , ҷомаи пӯшидаи худ ро

Ҳамон шоистаи рухсор ӯ соиб наме донам

Агар дар чашма хуршед шавем дидаи худ ро