Бехабар аз дар ман ёри магар боз ояд

Вар на он сабр ки дорад ки хабар боз ояд ?

Дар тамошои ту аз кори дил хўншдаҳ ам

На чунон рафт ки дигари зи сафар боз ояд

Зон хушам бо дили сад чок ки он сарви равон

Ҳар нафас дар дилам аз роҳ дигар боз ояд

Шодии қофилаи Миср ба гардиш нарасад

Ҳаркиро чун ту азизии зи сафар боз ояд

Нашавад пеши шукри хандаи ман субҳи сифед

Гар ба оғӯши ман он танги шукр боз ояд

Устихонаш ба ҳумои шҳпр иқбол диҳад

Куштаеро ки хаданги ту ба сар боз ояд

Дил ба фикри тани афсурда куҷо меуфтад ?

Ба чаҳ умед ба ин санги шарар боз ояд ?

Ҳаст умед ки баргардад азон чеҳраи нигоҳ

Шабнам аз чашмаи хуршед агар боз ояд

Сафари накҳати гулро набӯд баргаштан

Аз дили рафта маҳоласт хабар боз ояд

Бода шаб нарабӯдааст чунон соиб ро

Ки ба худ аз нафаси сарди саҳар боз ояд