Аз тамошои дили афсурда мо накушояд
Гиреҳ аз ғунчаи пайкон ба сабо накушояд
Он ки дар хонаи ағёри камар боз кунад
Аз камари теғ ба кошона мо накушояд
Бо ҳарифони ҳамаи шаб дар таҳи як перҳан аст
Он ки дар хонаи мо банд қабо накушояд
Зӯр май раҳм ба навмидӣ мо хоҳад кард
Мӯҳтасибгар дар майхона ба мо накушояд
Соиби умед ба сатторӣ яздон дорем
Ки сари номаи мо рӯз ҷазо накушояд