Ҳаркии осӯдагӣ аз олам имкон ҷӯяд

Самар аз беду гул аз хор муғелон ҷӯяд

Натавон дар ҳараму дайри худоро ҷустан

Магари ин ганҷ касе дар дил вайрон ҷӯяд

Нест ҷузи дасти тиҳии ҳосили он ғаввосӣ

Ки дарин на садафи он гавҳар ғалатон ҷӯяд

Ҳаст умед ки навмед нагардад он кас

Ки туро дар дил ва дар дида ҳайрон ҷӯяд

Сабз чун Хизри зи зангор хиҷолат гардад

Зиндагӣ ҳар ки зи сарчашма ҳайвон ҷӯяд

Роми гаштани тамаъ аз оҳӯӣ ваҳшӣ дорад

Мардумии ҳарки азон наргис фаттон ҷӯяд

Талаби гавҳари шҳўори намояди зи ҳубоб

Ҳаркии ҳақро зи саропарда имкон ҷӯяд

Натавон қатъи умед аз раги ҷон соиб кард

Чун раҳои дил азон зулф парешон ҷӯяд ?