Даст асбоб бигирӣд ва ба сайлоб диҳед
Ба дили ҷамъ , дигар дод шукр хоб диҳед
Дил беишқ чаҳ дар сина нигаҳ доштаед ?
Бар сараш ҷон бигзоред ва ба қассоб диҳед
Обрӯ дар чамани хушки мизоҷони ҷаҳон
Он қадр нест ки хори мижае об диҳед
Суҳбати соФдлони барқи сифат дар гузараст
Ҳарчӣ доред ба май дар шаб маҳтоб диҳед
Рӯй дил бар тарафи хонаи ҳақ май бояд
Чаҳ зиён дорад агар пушт ба миҳроб диҳед ?
Ҳеҷ кор аз мадади бахти нигун пеш нарафт
Сари ин ришта ба шогирди расан тоб диҳед
Булбулонгар сари ҳамчашмӣ соиб доред
Аввал аз нағматар теғи забон об диҳед