Хушо касе ки дили худ ба чашми маст ту дод

зи сари гузашт ва ба дунболи ин бало афтод

Ту то шукуфта шудӣ гул ба хештан болид

Ту то баланд шудӣ қад кашид нахли мурод

Чигуна дил ба ду зулф мънбрш надаҳум ?

наме тавон ба ду олам ба як тараф афтод

Чунин ки раҳмат ӯ бедареғ ме бахшад

Чаро хамӯш набошад забони истеъдод ?

Равад зи панҷаи ҷавҳар кунун чу муми бурун

Дилӣ ки буд ба сахтӣ чу байзаи фӯлод

Қазо чу даст баровард нола бе асараст

Сапанд аз оташ сӯзон наҷуст аз фарёд

Дуруст чун нагузоранд хишти аввал ро

Агар ба чарх расад каҷ буд ҳамон бунёд

Ҳануз аз ҷигари чоки бесутуни соиб

Ба гӯш мерасад овози тешаи Фарҳод

Ҷавоби он ғазал мавлавӣаст ин соиб

Ки баҳр лутф Биҷӯшед ва бандҳо бикшод